Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябри соли 2026 дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ташкили раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ (e-Phyto) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Санаи 13 ноябри соли 2026 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузурги миллӣ буда, рӯзи изҳори муҳаббат ва сипосгузории мардуми тоҷик барои хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон вориди ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҷойи муколамаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро силоҳ, зӯргӯӣ ва харобкорӣ гирифта буд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасоли 16 ноябр ҷашн гирифта шуда, аз як рӯйдоди таърихӣ сарчашма мегирад; 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат (Раиси Шурои Олӣ) интихоб гардидаанд. Баъдан ин сана расман бо қарори парлумони кишвар аз 15 апрели соли 2016 ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.
Санаи 9 ноябр
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 27 нақшаи чорабиниҳои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боиси хурсандӣ аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2026, № 2317 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид карда шуда, минбаъд ҳамасола тибқи талаботи сархати чилу якуми моддаи 2-и Қонуни мазкур 7 июн ҳамчун «Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ» ҷашн гирифта мешавад, ки ин иқдом бо таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти бехатарии озуқаворӣ ва қадрдонӣ аз заҳмати кормандони ин ниҳод роҳандозӣ гардидааст.