Раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ин рӯзи таърихӣ табрик гуфта, иброз доштанд, ки ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои муаззами миллат баҳри Ватани аҷдодии худ буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар паҳлуяшон муттаҳид шуда, барои тай намудани роҳи душвор ӯро ҳамроҳӣ намуда, ҳамчун шахсияти дорои асолати миллидошта эътироф намуданд. Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.
Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар бораи аҳаммияти таърихӣ доштани ин санаи бузург ва дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд. Номбурда оид ба нақши санаи 16 ноябр, яъне баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсиси Ҳукумати конститутсионӣ, интихоби раиси Шӯрои Олӣ, масъалаи баргардонидани гурезагон ва мустақилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуда, шеъру ғазалҳои тозаэҷоди худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси Кумита Файзуллозода М.У. бори дигар ҳамаи ҳозирин ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, изҳор намуданд, бигузор ин санаи муҳим ба бахти мо тоҷикон сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ ва истиқлоли абадиро дар зери сояи Президенти маҳбуби кишварамон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо роҳнамоӣ намоянд.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23