Аз рӯзи аввали раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан (19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба воситаҳои ахбори умум, ки яке аз институтҳои асосии ҷомеаи муосир аст, аз имкониятҳои телевизион, радио ва матбуоти даврӣ барои ба оммаи васеъ расонидани паёмҳо ва барномаҳои сулҳхоҳонаи худ босамар истифода карданд. Роҳбари давлат хуб дарк менамуданд, ки ВАО бо аҳли ҷомеа робитаи мустақим доранд ва чунин имконияту қобилиятро унсурҳои дигари муҳими ҷомеаи муосир – мактаб, оила, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайра надоранд. Нахустин Муроҷиатномаи раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 тариқи телевизиони марказӣ пахш гардида, матни он дар матбуоти даврии кишвар бо чунин матн ба нашр расид, “Ҳадафи сиёсати мо манфиати мардум аст”. Муҳимияти ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони мардумии ҳамондавра Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Пас аз ин Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ наҷот ёфтаву сулҳу суботи сартосари арзони гардид ва он рӯ ба рушд ниҳод, ки заҳматҳои фарзонафарзанди ин кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррасанд. Ҳамин аст, ки Тоҷикистони навин рӯ сӯи пешравӣ ниҳодаву устуворона дар ҳоли тараққист.
Ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои Миллат баҳри Ватани аҷдодии худ буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо ӯ муттаҳид шуда, барои тай намудани роҳӣ душвори миллатсозӣ ӯро ҳамроҳи намуда ҳамчун шахсияти дорои асолати миллӣ дошта эътироф намуд. Аз ин рӯ дар ҷумҳурии мо низ мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриявиро касб намуда рӯ ба тараққӣ дар самтҳои гуногун намуд. Ин аст, ки ҳамасола рӯзи 16 ноябр ҳамчун “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода намуда ин санаи таърихии фархундаро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ самимона шодбош мегӯям. Худо кунад, ки сулҳи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар зери сояӣ Президенти маҳбуби кишварамон – Эмомалӣ Раҳмон доимо пойдор бошад.
Сардори Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва ШНТҶ
Раҳимов Шарифбек
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23