Ҷаласаро муовини якуми Раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд Ширинҷон ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушдро хайрамақдам гуфтанд.Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба ташкили раванди татбиқи низоми e-Phyto, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, муайян намудани марҳилаҳои минбаъдаи кор ва фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми мазкур мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни муҳокима ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ, суръат бахшидан ба корҳои омодагӣ ва иҷрои саривақтии тадбирҳои пешбинишуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аз ҷониби роҳбарияти ҷаласа ҷиҳати тезонидани раванди татбиқи низоми e-Phyto ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.Ҳамзамон, намояндагони Бонки Осиёии Рушд омодагии худро ҷиҳати баррасии имкониятҳои дастгирии молиявии раванди татбиқи низоми мазкур иброз намуданд.Қобили зикр аст, ки ҷорӣ намудани низоми e-Phyto дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рақамикунонии соҳаи фитосанитарӣ, содагардонии расмиёти содироту воридоти маҳсулоти растанӣ, баланд бардоштани шаффофияти равандҳои сертификатсия ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23