Табрикоти Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин пайомадҳо дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон Рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷассум ёфтааст.
Фазилати сиёсатмадориву давлатдории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар кишвари мо сулҳу ҳамбастагӣ таъмин гардад ва обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло равад.
Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар ибтидои солҳои 90-и садаи ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуд. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд.
Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.
Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон 31 сол пеш дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад.
Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд.
Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба он кас супурд ва дар ин кор хато накард.
Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Муҳимияти ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони мардумии ҳамондавра Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Пас аз ин Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ наҷот ёфтаву сулҳу суботи сартосари арзони гардид ва он рӯ ба рушд ниҳод, ки заҳматҳои фарзонафарзанди ин кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррасанд. Ҳамин аст, ки Тоҷикистони навин рӯ сӯи пешравӣ ниҳодаву устуворона дар ҳоли тараққист.
Маҳз чунин заҳматҳо ва талошҳои бесобиқа боис гардиданд, ки мардуми Тоҷикистон ва парлумони мамлакат 16 ноябрро ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гиранд. Месазад, ки мо дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумуи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем. Фазои сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштаву сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ ва роҳи интихобнамудаи халқи тоҷикро ҳифз намоем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад