Санаи 2 октябри соли 2026 дар Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муовини раиси Кумита Абдурозиқзода Лутфулло Давлат бо кормандони Марказ баргузор гардид.
Масъалаи асосии ҷаласа ин ҷиҳати пайваст намудани Марказ ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ edo.innovation.tj ва омӯзиши тартиби истифодаи он бахшида шуд.
Зимни ҷаласа раванди иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, инчунин татбиқи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030)» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба роҳбарият ва кормандони Марказ тартиби қабул ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои воридотӣ, таҳия ва ирсоли ҳуҷҷатҳои содиротӣ, ирсоли ҷавобҳои электронӣ ва истифодаи имкониятҳои низоми edo.innovation.tj омӯзонида шуда, вобаста ба истифодаи самараноки низоми мазкур тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Таъкид гардид, ки ҷорӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корӣ, суръат бахшидани мубодилаи иттилоот, таъмини шаффофият ва такмили низоми идоракунӣ мусоидат менамояд.
Бахши робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии
озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23