(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Иштироки Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло дар Конфронси глобалии ФАО оид ба амалҳо дар самти «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ.
Санаи 21 сентябри соли 2026 дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия, Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) оид ба амалҳо дар самти «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ доир гардида, дар кори конфронси мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ Амир иштирок варзиданд.
Дар чорабинии сатҳи баланд роҳбарият ва намояндагони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Директори генералии ФАО Чу Дунюй (Qu Dongyu), инчунин намояндагони кишварҳои узви ФАО, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии конфронс баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи амалии равиши «Солимии ягона» (One Health) дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ, таҳкими ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, пешгирии хавфҳои ба саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист таъсиррасонанда ва муайян намудани роҳҳои таъмини истеҳсолоти бехатару устувори озуқаворӣ ба ҳисоб меравад.
Дар доираи барномаи конфронс Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло дар ҷаласаи пленарӣ дар мавзуъи «Баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ тавассути низомҳои солимии истеҳсолот» баромад намуданд.
Дар маърӯза таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи принсипҳои «Солимии ягона» муаррифӣ гардида, ба аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва байнисоҳавӣ дар самти ҳифзи саломатии инсон, ҳайвонот, растаниҳо ва муҳити зист таъкид карда шуд.
Инчунин Раиси Кумита зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ва кӯмаки техникӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла муосирсозии лабораторияҳо, такмили низоми назорати бехатарии озуқаворӣ, рушди системаҳои рақамии пайгирии маҳсулот, идоракунии захираҳои об, беҳтар намудани ҳолати хок ва рушди истеҳсолоти устувори кишоварзиро таъкид намуданд.
Дар маҷмӯъ, иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси глобалии ФАО оид ба амалҳо дар самти «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ҷиҳати рушди низомҳои устувор, бехатар ва солими истеҳсоли озуқаворӣ мусоидат менамояд.
Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.