(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаи 7- уми сентябр дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35-соли дастовард ва музаффариятҳои Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҳамоиш раёсати Хадамот, роҳбарият, кормандони ва фаъолони соҳа иштирок намуданд. Баромадкунандагон зимни ҷамомад иброз доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил сиёсати хориҷии худро пеш бурда, дар масъалаҳои об, захираҳои обӣ, пиряхҳо ва дигар масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ташаббусҳои байналмилалӣ пешниҳод намуд. Ин барои кишваре, ки ҳамагӣ 35 сол пеш ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи худро оғоз кард, нишонаи он аст, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо масъалаҳои дохилияшро ҳал мекунад, балки дар баррасии масъалаҳои фаромиллӣ низ мавқеи худро баён менамояд.
Албатта, 35 сол танҳо аз дастовардҳо иборат нест. Чуноне худи Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд, ҳар давлат дар роҳи рушди худ масъалаҳои ҳалталаб дорад. Тоҷикистон низ вазифаҳои муҳими худро дорад: баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъсиси ҷойи нави кор, рушди истеҳсолот, беҳтар намудани сифати маорифу тандурустӣ, истифодаи технологияҳои нав ва омода намудани ҷавонони донишманду соҳибкасб.
Аммо фарқ байни Тоҷикистони имрӯз ва Тоҷикистоне, ки соли 1991 ба роҳи соҳибистиқлолӣ қадам гузошт, равшан аст. Он вақт давлат бояд, пеш аз ҳама, худро нигоҳ медошт. Имрӯз масъала сохтани фардои дурахшон, рақобатпазир ва ободи кишвар мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд танҳо ҷашни гузашта набошад. Он бояд моро водор созад, ки ба арзиши давлатдории миллӣ бо чашми дигар назар кунем. Зеро сулҳу субот ҳамеша худ аз худ ба вуҷуд намеоянд. Онҳо натиҷаи таҷрибаи талхи таърих, хирад, сабру таҳаммул ва масъулияти ҷомеа мебошанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба якқатор кормандони фаъолу пуртаҷриба аз ҷониби роҳбарият ифтихорномаю сипосномаҳо тақдим карда шуд.