(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи ҳафтуми сентябри соли равон, барои хизматҳои шоиста дар назди миллату давлат ва саҳми арзанда дар рушди бехатарии озуқавории кишвар бо медали “Хизмати Шоиста” Саидзода Маҳмурод Ҳайдар, сардори Маркази Ҷумҳуриявии зиддиэпизоотӣ, Камолзода Абдулло Раҳматулло сардори Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Ҳисор ва Маликшозода Исмат Сулаймон, сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сарфароз гардонида шуданд. Ба даст оварданӣ чунин мукофоти давлатӣ мояи ифтихору сарфарозӣ буда, шаҳодати қадршиносии хизматҳои шоистаи фарзандони содиқи ватан мебошад.Бигзор ин мукофоти арзанда қадами устуворе дар роҳи тадбиқи ҳадафҳои созандаи бехатарии молу маҳсулоти озуқавории кишварамон бошад.