(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод Маркази ташхисию табобатии хусусии «Анис» ба истифода дода шуд.
Санаи 3 сентябри соли 2025 дар маросими ифтитоҳи Марказ раиси ноҳияи Зафаробод Муродзода Муқим Қаюм бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Маҳмадсаид Убайдулло ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бобозода Маҳмудҷон иштирок намуданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Алимов Олим бунёд гардида, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Бинои марказ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири тиббӣ таъмин буда, барои ташхису табобати беморон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар Маркази ташхисию табобатии «Анис» 6 утоқи корию хизматрасонӣ фаъолият мекунад. Дар ин ҷо бахшҳои дандондармонии калонсолон ва кӯдакон, косметология, озмоишгоҳ, ташхиси ултрасадоӣ, инчунин ташхису табобати бемориҳои дарунӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ 11 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти марказ масъулон ба масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, муносибати хуб бо беморон ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ифтитоҳи чунин муассисаи хусусии тиббӣ дар ноҳияи Зафаробод қадами муҳим дар самти рушди бахши хусусии соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари дастрасӣ ба хизматрасонии ташхисию табобатӣ барои аҳолии ноҳия ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи асосии фаъолияти марказ баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, истифодаи усулҳои муосири ташхису табобат ва саҳм гузоштан дар ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Дар идомаи боздид аз иншоотҳои ҷашнии шаҳраки Меҳнатобод Раиси ноҳия ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз фаъолияти кӯдакистони хусусии “Ситора” дидан намуданд. Кудакистони “Ситора” иншооти ҷашнӣ буда дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Гардигул Носирова ба истифода дода шудааст.