(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Дар ноҳияи Зафаробод ба собиқадорони меҳнат ва шахсоне, ки солҳои тӯлонӣ дар рушду ободии ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни собиқадорон ва таҳкими суннати неки эҳтиром ба калонсолон, раиси ноҳияи Зафаробод Муродзода Муқим Қаюм якҷоя бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Маҳмадсаид Убайдулло ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бобозода Маҳмудҷон бо собиқадори хизмати давлатӣ Бердимурод Бердиев ва собиқадори маориф Абдусалом Ғаффоров мулоқот намуда, онҳоро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки собиқадорон ҳамчун захираи бузурги таҷриба ва хиради зиндагӣ дар ҷомеа мақоми арзанда дошта, саҳми онҳо дар ободиву пешрафти ноҳияи Зафаробод шоистаи эҳтиром мебошад. Таҷрибаи бойи меҳнатӣ ва зиндагии онҳо барои тарбияи насли ҷавон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва идомаи корҳои созандагӣ аҳамияти муҳим дорад.
Намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раиси ноҳия ба собиқадорон барои меҳнати содиқона, саҳми арзанда дар пешрафти ноҳия ва тарбияи насли наврас изҳори сипос намуда, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори осуда ва умри дароз орзу намуданд.
Собиқадорон низ аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Роҳбари давлат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки минбаъд низ дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободонии диёр саҳми худро хоҳанд гузошт.