(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
31 августи соли 2026 бахшида ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ шуруъ гардида, нахуст раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид ҳар як иштирокчӣ ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишвар ба шарофати бузургтарин ҷашни миллиямон, рӯзи милод ва ҳастии Тоҷикистон, ҷашни 35-умин солгарди Истиқоли давлатӣ аз самими қалб шодбош гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно намуданд.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ, инчунин заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба қадри ин неъмати муқаддас, омода будан барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ёдрас шуданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб низ дар навбати худ аз шеърҳои тозаэъҷоди хеш, ки васфи ватанро таҷассум менамоянд, қироат намуданд.
Инчунин, дар ин чорабинӣ як қатор кормандони Кумита ва зерсохторҳо барои фаъолияти пурсамар ва ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардидан, дар арафаи Истиқлоли давлатӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар идома ба ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ манзур гардид.