(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Саннаи 25 августи соли 2026 вохӯрии намояндагони Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба талаботи санҷиш ва карантин барои воридот ва содироти гӯшти мурғ, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2026, №255 дар бораи протоколи ба имзо расидаи байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин, тибқи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз 11 то 14 майи слои 2026 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расида буд, намояндагии он ҷониб ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносои ва боздид аз раванди ширкатҳои содиротӣ ва парандапарварӣ ташриф оварданд.
Намояндагони Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чинро муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ муҳтарам Муминзода М.О ба ҳузур пазируфта, ба он ҷониб раванди пайгирии назорат, таъмини солимии паранда, дар фабрикаҳои мурғпарварӣ ва бехатарии маъсулот дар корхонаҳои коркарди гӯшти мурғ иттилоъ дода, вобаста ба раванди амалишавии содироти гӯшти мурғ, панҷаи мурғ ва тоҷ гуфту шунидҳо намуда, тасмим гирифтаанд, ки ҳарчи зудтар масъалаи мазкур бароҳ монда шавад.