(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита, инчунин намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромарз вохӯрӣ баргузор гардид. Вохӯриро муовини Раиси Кумита Абдурозиқзода Лутфулло Давлат ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мақсаду муҳтавои он шинос карданд ва суханро ба намояндаи Агентӣ доданд. Раҳмонзода Фаромарз дар бораи масъалаҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматии кормандон ва иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он андеша ва тавсияҳои муфид иброз намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки кормандони Кумита бояд дар фаъолияти хизматии худ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ роҳ надода, дар пешгирии онҳо ва таҳкими волоияти қонун саҳми арзандаи худро гузоранд.