(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи корҳои ободонию созандагӣ, имрӯз дар Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шанбегӣ баргузор гардид.
Дар рафти шанбегӣ кормандони Раёсат дар корҳои тозагию ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ба тартиб даровардани ҳудуди коргоҳ фаъолона иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободонии ҳудуди муассиса ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ мебошад.