(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Имрӯз дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Раиси Кумита Абдурозиқзода Лутфулло бо Директори ширкати технологии «Чжунчжуй Хуасу» ҷаноби Ван Сянчун баргузор гардид.
Вохӯриро Абдурозиқзода Лутфулло ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи таъсиси «Платформаи Шабакаи Пайгирии Маҳсулоти Чин», истифодаи технологияҳои рақамӣ дар пайгирии маҳсулот ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқавориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳор намуданд.