Ҷаласаро Муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ширинҷонзода Маҳмуд, ифтитоҳ намуда, меҳмонон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалиро барои иштирок дар чорабинӣ самимона хайрамақдам гуфт.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки татбиқи низоми e-Phyto яке аз қадамҳои муҳими рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии фитосанитарӣ буда, ба содагардонии расмиёти савдо, баланд бардоштани шаффофият, коҳиш додани истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ, суръат бахшидани мубодилаи байналмилалии шаҳодатномаҳои фитосанитарӣ ва мутобиқ намудани низоми миллии фитосанитарӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои татбиқи низоми e-Phyto дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор, омодасозии заминаҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ, инчунин ҳамкориҳоро бо шарикони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба қадамҳои минбаъдаи татбиқи низом мубодилаи афкор анҷом доданд.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23