(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
5 августи соли 2026 дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҷаласаро Муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ширинҷонзода Маҳмуд ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалиро барои иштирок дар чорабинӣ хайрамақдам гуфт.
Зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки татбиқи барномаи мазкур барои таҳкими низоми устувори озуқаворӣ, беҳтар намудани сатҳи ғизои аҳолӣ ва густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, ба намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, хонум Парвати Рамасвами, барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар татбиқи барномаи муштарак изҳори сипос баён гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои марбут ба раванди амалисозии барнома, натиҷаҳои бадастомада, ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикон ва нақшаҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва ноил гардидан ба ҳадафҳои барнома пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.