(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
30-юми июли соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ маросими муаррифии муовини навтаъини Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ (дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои муосир) баргузор гардид.
Cараввал Зиёзода Сулаймон Ризоӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдурозиқзода Лутфулло Давлатро қироат карда, ӯро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Сипас, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло зимни суханронӣ муовини навтаъинро бо ин муносибат табрик намуда, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули давлатӣ барору комёбӣ, муваффақият ва дастовардҳои назаррас орзу кард.
Таъкид гардид, ки Абдурозиқзода Лутфулло бо такя ба таҷрибаи ғании корӣ, донишҳои касбӣ ва малакаҳои идоракунӣ дар пешбурди ислоҳот, рушди рақамикунонии соҳаи бехатарии озуқаворӣ, инчунин татбиқи самараноки ҳадафҳои стратегии соҳа саҳми арзишманд хоҳад гузошт.