Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2026, №17625(26.6) ва Нақша- чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 июли соли 2026 дар толори Кумитаи бехатарии озукавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ” бахшида ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита, инчунин муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки таъмини бехатарии озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин бобат баҳри расидан ба ҳадафе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад ва боиси хушнудист, ки кормандони ниҳоди бехатарии озуқавориро, ки аксарро ҷавонони соҳибмаълумот ва кордону бо таҷриба ташкил медиҳанд, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти баланд вазифаҳои касбии худро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Инчунин мавсуф дар баромади худ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос оварданд; “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд. Аз ин рӯ, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳанги ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.
Сипас муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи худро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Ғайр аз ин, Саймуродов Шуҳрат Улуғбекович-мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Мо ҷавонони хушбахти даврони истиқлол” низ ба маърӯзаи худ баромад намуд.
Дар фарҷом як қатор кормандони ҷавони Кумита барои фаъолияти пурсамар ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ифтихорнома ва инчунин ба сипосномаҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сарфароз гардонида шуданд.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23