(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаҳои 20–21 июли соли 2026, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Улан-Батор, Ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардиданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар доираи ин маросим Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо ба имзо расонида шуд.