(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
03 июли соли 2026 дар толори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шашмоҳаи Раёсати Кумита ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, вазифаҳо барои давраи минбаъдаи фаъолият муайян карда шуданд.
Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музафар, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Абдусаттор, сардори маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилоят Қараев Бобоқул, сардори Раёсати Кумита дар саҳадат ва нақлиёт Хоҷазода Сафархон, инчунин сардорони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ, марказҳои ташхиси беатарии озуқаворӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Нахуст, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Абдусаттор,оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи соҳа ҳисобот пешниҳод намуда, зикр кард, ки дар ин давра баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто як қатор тадбирҳои муассир амалӣ гардидаанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ба корҳои кабудизоркунӣ ва амалисозии барномаҳои давлатии соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зикр шуд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шавад.
Раиси Кумитаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло зимни суханронӣ фаъолияти сохторҳои соҳаро таҳлил намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми ҷаласа нақшаи фаъолияти минбаъдаи соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба роҳбарони зерсохторҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият дар шаҳру ноҳияҳо оиди пешгири бемориҳои махсусан хавфнок, густариши корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон чиҳати дастовардҳои назаррас дар фаъолияти корӣ дар 6 моҳи соли 2026 як чанд сардорони маррказҳои таъминот ва ташхисҳои бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо Сипосномаи сардори Раёсати Кумита дар вилоят қадрдонӣ карда шудаанд.