(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Ҷашнҳои Тиргон, Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои миллати тоҷик маҳсуб мегарданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷашнҳои миллӣ ва расму оинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардида истода, ҳамасола ҷашн гирифта мешаванд.
Дар таърихи 28 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и пойтахт ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” таҷлил гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонзода Маҳмуд Ширинҷон, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Тиргон аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати чорабинии мазкур гушаи идона бо рамзҳои мутобиқи он ба намоиш гузошта шуд.