(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Дар таърихи 24 июни соли 2026 бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Каримзода Рухшона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ шуруъ гардида, бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид ҳозиринро бо “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” табрику шодбош гуфта, барои Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол фазои сулҳу суботи комилро таманно намуд. Файзуллозода М. зимни баромад иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ дар сарнавишти миллату давлати мо нақши бениҳоят муҳимму таърихӣ ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва ташаккули пояҳои давлатдории навини мо заминаи боэътимод гузошт. Инчунин қайд намуданд, ки ободиву тараққиёти Ватан, зиндагии осудаву шоиста ва расидан ба ҳадафҳои хеш, танҳо дар сурати вуҷуд доштани сулҳу субот имконпазир аст.
Баъдан, Каримзода Рухшона оид ба “Нақши занон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” суханронӣ намуда, аз ҳозирин ҷиҳати созандагию ободонӣ ва боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти ватанамон, ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ва саҳмгузорӣ дар ин ҷодаро иброз доштанд.
Дар навбати худ Қурбонзода Убайдулло оид ба “Ваҳдат пояи устувори давлат аст”, суханронӣ намуда, илова бар ин дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ намоиши лавҳаи видеоӣ аз корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.