(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Дастаи ҷумҳуриявии фумигатсионии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Кормандони Дастаи фумигатсионӣ дар чорабинии дастаҷамъона саҳми худро дар ободонӣ ва зебогардонии муҳити гирду атрофи бинои мазкур саҳм гузоштанд.
Зимни баргузории шанбегӣ корҳои васеи ободонӣ аз ҷумла нарм намудани атрофи дарахтон, рангуборкунӣ, сафедкунӣ тоза намудани гирду атрофи бинои маъмури анҷом доданд. Вобаста ба ҷашни мазкур кормандони Дастаи фумигатсионӣ ҳамарӯза корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда ҷиҳати саҳмгузори дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон талош меварзанд.