1 8 июни соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо иштироки намояндагони шарикони рушд баргузор гардид, ва ҳадафи асосии вохӯриро мубодилаи иттилоот дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар…
18 июни соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо иштироки намояндагони шарикони рушд баргузор гардид, ва ҳадафи асосии вохӯриро мубодилаи иттилоот дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйири низомҳои хӯрокворӣ, баррасии пешрафти кунунии татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва мувофиқа намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни кишвар ва шарикон барои соли 2026 ташкил медод.
Ҷаласаро муовини якуми раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд ифтитоҳ намуда, оид ба тадбирҳои амалигардида дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сифату бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва рушди низомҳои устувори хӯрокворӣ суханронӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир дар доираи татбиқи Барномаи тағйири низомҳои хӯрокворӣ, аз ҷумла, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ҷалби бахши хусусӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба ғизои солим ва густариши тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар бахши кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Иштирокчиён пешрафти кунунии барномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коҳиш додани талафоти маҳсулоти озуқаворӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифатро таъкид намуданд.