(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаи 17 июни соли 2026 дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи байниидоравӣ оид ба баррасӣ ва ҷорӣ намудани низоми сертификатҳои электронии фитосанитарӣ (ePhyto) баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба масъалаҳои муҳими татбиқи низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ бахшида шуда, аҳамияти он барои рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори содиротӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид, иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, ба намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ ва меҳмонони гиромӣ барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар пешбурди ислоҳоти соҳаи бехатарии озуқаворӣ изҳори сипос намуданд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо рақамикунонӣ ба яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт ва рушди тиҷорати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит мутобиқ намудани низоми фитосанитарии кишвар ба талабот ва стандартҳои муосири байналмилалӣ на танҳо талаботи замон, балки шарти муҳим барои иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар занҷираҳои ҷаҳонии таъминот ва савдо ба ҳисоб меравад.
Таъкид карда шуд, ки ҷорӣ намудани низоми ePhyto имконият фароҳам меорад, ки расмиёти фитосанитарӣ содда, шаффоф ва самаранок гардонида шуда, муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо коҳиш ёбад, хароҷоти маъмурӣ кам карда шавад, хавфҳои вобаста ба истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ ва эҳтимоли қалбакӣ шудани онҳо бартараф гарданд, инчунин мубодилаи иттилоот байни мақомоти ваколатдори кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон, татбиқи низоми мазкур ба баланд гардидани сатҳи эътимоди шарикони тиҷоратии хориҷӣ нисбат ба маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, вусъат бахшидани содироти маҳсулот, мусоидат ба дастрасӣ ба бозорҳои нави байналмилалӣ ва таҳкими нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои татбиқи низоми ePhyto, тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи самараноки низоми мазкур мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ Раиси Кумита изҳори итминон намуданд, ки ҳамкории судманд миёни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд барои татбиқи муваффақонаи низоми ePhyto заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди минбаъдаи низоми фитосанитарии кишвар ва афзоиши имкониятҳои содиротии