Имруз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рўзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ ва Рўзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ, бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, мақомоти ҳудудӣ ва…
Имруз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рўзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ ва Рўзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ, бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, мақомоти ҳудудӣ ва ташкилотҳои зертобеи Кумита чорабини баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтиттоҳии Раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода М.У. оғоз гардида, мавсуф зимни баромади худ иброз намуданд, ки мо бояд дар фаъолияти минбаъдаи худ истифодаи технологияҳои муосир, такмили донишҳои касбӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва ҳамкории зичро бо ҳамаи сохторҳои дахлдор соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшем. Танҳо дар ин сурат метавонем ба ҳадафҳои гузошташуда ноил гардида, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми бештар гузорем.
Ба муносибати ин санаи муҳим Раиси Кумита, ба ҳамаи кормандони соҳаи бехатарии озуқаворӣ саломатӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав дар фаолияти пурмасъулияташон орзу намуданд.
Зимни чорабинӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи Рўзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе бо соҳибкорону харидорон оид ба риояи қоидаҳои бехатарии озуқаворӣ, интихоби дурусти маҳсулоти хўрокворӣ ва пешгирии хатари истеъмоли маҳсулоти бесифат маълумот дода шуда, инчунин буклетҳои иттилоотӣ миёни аҳолӣ тақсим карда шуд.