(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
4 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе маросими супоридани таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва маҷмуи маводҳои ташхисиро аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тақдими таҷҳизоти мазкур дар доираи татбиқи ташаббуси байналмилалии “Омодагӣ ва вокуниш ба пандемия” сурат гирифта, ба таҳкими иқтидори миллӣ дар самти назорати бемориҳо, мониторинги бехатарии озуқаворӣ ва баланд бардоштани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи саломатии ҳайвонот равона шудааст.
Ба Кумита маҷмӯи васеи таҷҳизоти муосири лабораторӣ, аз ҷумла автоклавҳо, центрифугаҳо, микросентрифугаҳо, инкубатрҳо, микроскопҳо, ва дигар воситаҳои ташхисиву таҳлилӣ дастрас гардиданд. Ҳамзамон маҷмӯаҳои маводҳои ташхисӣ барои гузаронидани ташхисҳои лабаратории иммуноферментӣ ва занҷираи полимерозӣ низ супорида шуданд.
Тибқи иттилоъ, истифодаи таҷҳизоти мазкур имконият медиҳад, ки сатҳу сифати ташхиси лабораторӣ беҳтар гардида, назорати боқимондаҳои антибиотикҳо дар маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки чорво пурзӯр карда шавад. Ин иқдом ҳамчунин ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии хавфҳои марбут ба муқовимати зиддимикробӣ мусоидат хоҳад намуд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳамкории судманд байни Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва ФАО дар самти рушди инфрасохтори озмоишгоҳӣ, таҳкими иқтидори мутахассисон ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Тақдими таҷҳизоти муосир қадами муҳим дар роҳи такмили фаъолияти озмоишгоҳҳо, баланд бардоштани самаранокии назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.