Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад, ки соли 1991 ба даст омада, сарнавишти навини давлату миллатро муайян намуд. Аз ҳамон рӯз то ба имрӯз кишвари мо роҳи пуршарафи рушду пешравиро тай намуда, имрӯз ҳамчун давлати…
Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад, ки соли 1991 ба даст омада, сарнавишти навини давлату миллатро муайян намуд. Аз ҳамон рӯз то ба имрӯз кишвари мо роҳи пуршарафи рушду пешравиро тай намуда, имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлолу озод дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Ба шарофати истиқлол ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шудаем.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки такягоҳи маънавӣ ва рамзи худшиносии миллӣ мебошад. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба давлати сулҳдӯст, созанда ва пешрафта табдил ёфт. Имрӯз тоҷикон бо ифтихор зери парчами миллӣ ва бо сарвари хирадманд ба сӯи фардои дурахшон роҳ мепаймоянд.
Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистонро узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард, ки имрӯз беш аз 125 кишварҳо муносибатҳои дипломатӣ дорад ва узви зиёда аз 40 созмони байналмилалӣ мебошад ва сиёсати “Дарҳои боз” боиси боло рафтани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ташабусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ пазируфта шуданд, ки кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои башарӣ саҳми арзанда дорад. Соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 даҳсолаи “Об барои ҳаёт” ва солҳои 2018-2028 даҳсолаи “Об барои рушди устувор” эълон гардидаанд, ки ин ҳама шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ садои худро баланд мекунад. Имрӯз миллати тоҷик басо хушҳол аст, ки дар давлати соҳибистиқлоли худ, ки ба ин неъмат 35 сол инҷониб сарфароз гардидааст, орому осуда дар фазои худшиносиву ягонагӣ зиндагӣ дорад.
Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодаандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар замони муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеи ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Истиқлоли давлатӣ мардуми шарифи тоҷикро бо сарварии Пешвои миллат ба сӯи фатҳи қуллаҳои нави зиндагӣ ва дастовардҳои бузург ҳидоят намуда, роҳи миллати кӯҳанбунёди моро ба ояндаи дурахшон мунаввар месозад. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат ба дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст. Имрӯз мо дар фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа метавонем кор ва фаъолият намоем.