(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Иди касбиашон самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, умри дароз, саодати рӯзгор, файзу баракати зиндагӣ ва дар фаъолияти хизматии пурмасъулашон баҳри ҳимояи арзишҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарҳади давлатӣ ва тамомияти ҳудудии Ватани азизамон барору комёбиҳои беназирро таманно доранд.
Бигузор истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ки бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати софдилонаи ҳимоятгарони ҷасури Ватан ба даст омадааст, абадӣ бошад.