(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода М.О. дар кори Асамблеяи генералии 93-юми Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот, ки санаҳои 18-22 майи соли 2026 дар шаҳри Париж баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ҳошияи чорабинӣ вохӯриҳои дуҷониба бо Президенти Шӯрои WOAH Сузанна Помбо, муовини Директори генералии WOAH Баба Соумаре ва роҳбари минтақавии WOAH дар Осиёи Марказӣ Мерике Тайтубоев баргузор гардида, масъалаҳои рушди соҳаи байторӣ, таҳкими ҳамкориҳои техникӣ ва омодасозии мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни Асамблея инчунин масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалии байторӣ баррасӣ шуданд.