(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаи 25 майи соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини Раиси Кумита Муминов Мустафо бо мудири кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ҷаноби Роберто Лонго ва намояндагони лоиҳаи CASP+ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, тақвияти назорати байторию фитосанитарӣ, инчунин рушди инфрасохтори нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки соҳаи чорводорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими комплекси агросаноатии мамлакат дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки риояи талаботи санитариву фитосанитарӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоти чорводорӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори байналмилалӣ барои рушди содирот ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ аҳмияти калон дорад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо, мубодилаи таҷриба ва тадбиқи самараноки чорабиниҳои муштарак мубодилаи афкор намудан.
Муовини Раиси Кумита бо роҳбарияти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, бахсус ҷаноби Реберто Лонго барои дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда таъкид карданд.