(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Дар арафаи Иди саиди Қурбон, санаи 25 майи соли 2026 дар асоси сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ намудан ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МДТУА «Мактаб-интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта»-и шаҳри Душанбе маҳсулотҳои ниёзи аввал, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, равған, гӯшт, тухм, биринҷ, шакар, макарон, қанд ва обҳои нӯшокии ранга ва дигар намуди маҳсулот кумак расонида шуд.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии Сарвари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ намуда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мунтазам кумакҳои моддиву молиявӣ мерасонад.