Санаи 23 майи соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон чорабинии идона баргузор гардид. Чорабинӣ бо…
Санаи 23 майи соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтиттоҳии Раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода М.У. оғоз гардида, мавсуф зимни баромади худ иброз намуданд, ки ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар пешрафту рушди давлат нақши муҳим дошта, дасгирии онҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дорад.
Инчунин, аз ҷониби муҳтарам Раис оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ ибрози андеша карда шуда, таъкид карданд, ки ҷавонон бояд бо донишу маърифат, ҳисси худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан дар рушди соҳа ва ободии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тамоми ҷавонони кишвар ва дар самти онҳо ҷавонони Кумитаро ба муносибати Рӯзи ҷавонони табрик намуда, ба онҳо дар фаъолият ва зиндагиашон комёбиҳои навро орзу намуданд.