Санаи 19 майи соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтиттоҳи қисми аввали таъсисёбии Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ-шуъба дар назди Раёсати назорати байторӣ ва…
Санаи 19 майи соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтиттоҳи қисми аввали таъсисёбии Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ-шуъба дар назди Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ қайд карда шуд, ки дар шароити рушди босуръати технология ва талаботи бозори меҳнат, омӯзиши пайваста ва такмили ихтисоси кормандон аз омилҳои муҳими самаранокии фаъолият ба ҳисоб рафта, таъсиси маркази мазкур қадами муҳим дар самти баланд бардоштани малака ва маҳорати касбии кормандони соҳаи бехатарии озуқаворӣ маҳсуб меёбад.
Инчунин зикр шуд, ки Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар самтҳои байторӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва зотпарварӣ ба рушди иқтидори касбии кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Бо баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои мутахассисони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ бо ҷалби коршиносон ва устодони соҳа, иштирокчиён аз таҷрибаи пешқадам ва усулҳои муосири фаъолият баҳраманд мегарданд, ки ин барои баланд бардоштани сатҳи дониш, таҷриба ва омодагии мутахассисони соҳа мусоидат менамояд