(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ”, “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” ва “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, инчунин дигар санадҳои меъёрии- ҳуқуқие, ки барои солимии ҷомеа ба тасвиб расидаанд, корбарӣ намуда, бо мақсади солимии ҷомеа ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти озуқавории бехатар ҳамарӯза дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, нуқтаҳои савдо ва бозорҳои истеъмолӣ гузаронидани корҳои назоратӣ ва оммафаҳмониро роҳандозӣ менамояд.
Дар ин баробар, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар арафаи Иди Қурбон бо мақсади пешгирии сироятёбии аҳолӣ аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ (зоонозӣ) бо мутахассисони зерсохтори Кумита дар ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин мутахассисони байтории ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамкорӣ намуда, чорвоҳои забҳшавандаро (қурбонӣ) пеш аз забҳ аз санҷиш гузаронида, забҳи чорворо дар нуқтаҳои муайяншуда амалӣ намоянд.