(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
12 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ чорабинии канорӣ таҳти унвони «Равиши “Саломатии ягона” ва бемориҳои фаромарзии ҳайвонот дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: нақши эҳтимолии Шарикии глобалӣ дар татбиқи чораҳои маҷмуӣ дар бахши пешгирӣ, омодагӣ ва вокуниш» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раис Муминзода Мустафо иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои фаромарзии ҳайвонот, татбиқи равиши «Саломатии ягона» ва густариши тадбирҳои ҳамоҳангшудаи соҳавӣ ибрози назар намуд.
Зимни баромад таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута ва рушди шарикии байналмилалӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи солимии ҳайвонот ва аҳолӣ, инчунин вокуниши саривақтӣ ба хатарҳои биологӣ нақши муҳим дорад.