Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, № 1145 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм…
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, № 1145 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)”, Фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2026, №1/4.-7-26, фармоиши сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд аз санаи 7 апрели соли 2026, №7 ва дар доираи Нақша чорабиниҳо “Дар бораи ташкил ва баргузории машғулиятҳои идоравӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд дар соли 2026”, санаи 16 апрели соли 2026 дар бинои Раёсати Кумита дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ кормандон, ҷаласаи илмию-омӯзишӣ бо ҳайати шахсии кормандони РКБО ва МТБО-ҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Б.Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Спитамен, Ҷ.Расулов ва Мастчоҳ гузаронида шуд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳуқуқшиноси РКБО дар вилояти Суғд Шарипов С.Н., баромад ва сӯханронӣ намуда, ба ҳозирин нуқтаҳои асосӣ ва ҳадафҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу эъзоҳ дода шуд. Қайд гардид, ки дар шароити рушди босуръати ҷаҳони муосир масъалаи мубориза бо коррупсия аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳо ва хавфҳои коррупсионӣ бояд дастаҷамъона чораҷӯи намоем. Муқовимат алайҳи ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат дониста мешавад.
Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзу ҳуқуқи озодиҳои инсон маҳсуб ёфта, аз ҷумлаи вирусҳое ба ҳисоб меравад. ки дар натиҷаи роҳ додан ба ин амали номатлуб ба тамоми шохаҳои фаъолияти мақомоти Ҳокимияти давлатӣ паҳн гашта, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инчунин ба сохти конститутсионӣ таъсир расонида, эҳтироми мардумро ба давлат ва мақомотҳои он коста гардонида, обрӯву эътимоди онро коҳиш медиҳад.