(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Яке аз талаботҳои Конвенсияи байналмилалии карантин ва муҳофизати растаниҳо, мутобиқи Стандарти байналмилалии чораҳои фитосанитарӣ (СБЧФ) №15 ҳангоми содирот ва воридоти маҳсулоти таҳти карантинӣ аз ҷумла маҳсулоти аз чуб тайёркардашуда, меваю сабзавоти хушк, нахи пахта, тухмӣ, ғалладонагиҳо ва ғайра бо мақсади роҳ надодан ба паҳншавии зараррасонҳои карантинӣ ва хавфнок ба дигар кишварҳо ва дохили ҷумҳурӣ, бояд ҳатман бо роҳҳои истифодаи фумигантҳо (заҳрхимикати фостаксин) ва гармидиҳи (термообработка) безарар гардонида шаванд.
Фаъолият дар самти назорати фитосанитари ва карантини растанӣ ба солимгардонии ҳолати фитосанитарии зироатҳои кишоварзӣ сари вақт андешидани чораҳои фитосанитарию карантинӣ муҳофизати растаниҳо аз зараррасонҳо, касалиҳо ва алафҳои бегона мебошад.
Яке аз қисматҳои фаъолияти мазкур яъне солимгардонии маводҳои таҳти карантинӣ аз организмҳои зараррасон зарардида тариқи безараргардонӣ (фумигатсия) амалӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад Дастаи ҷумҳуриявии фумигатсионӣ мутахассисонро барои иҷрои вазифаҳои худ дар ҳамкории зич бо мутахассисони нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва Марказхои таъминоти бехатарии озуқавории шахру ноҳияҳои қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади пешгири намудани воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасон дар дохили кишвар саҳми назаррас доранд.
Максади фумигатсия безараргардонӣ ҳамчун тадбири фитосанитарӣ буда, таъмин намудани тозагии маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҳашаротҳои зараррасон мебошад.
Фумигатсияро дар ҳама марҳилаҳои занҷири амалӣ кардан мумкин аст Масалан:
Барои самаранокии фумигатсия омилҳои зерин ба монанди намнокӣ, ҳарорат, фишор ва дигар сабабҳо ба назар гирифта мешавад, маҳсулот ва маводҳои таҳти карантинӣ дар контейнерҳо, вагонҳо, амборҳои нигоҳдорӣ ва нақлиётҳо безарар гардонида мешаванд.
Интиқоли маҳсулот яке аз омилҳои муҳимтарини пешбурди тиҷорат мебошад, бисёре аз маҳсулотҳо то расидан ба ҷои таъиншуда роҳи дарозеро тай мекунанд, инчунин бояд бехатарии онро таъмин намоянд. Бинобар ин барои безараргардондани молу маводҳо маҳсулотҳои дар вагонҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ин тадбирҳоро гузарондан муҳим аст.
Безараргардонӣ (фумигатсия) ин несту нобуд кардани ҳашароти зараррасон мебошад, ки дар маводҳои таҳти карантини бо роҳҳои омехтаҳои газҳои заҳролуд амали карда мешавад. Ин яке аз усулҳои боэътимоди нобудсозии зараррасонҳо дар анборҳо, контейнерҳо ва наклиётҳои боркаш дар ҷойҳои маҳкам ва ҳавоногузар гузаронида мешавад.
Намудҳои фумигатсия зиёд мебошанд, вале дар ҷумхурии мо бо ду роҳ, яке воситаи гармидиҳи ва дигар бо роҳи химиявӣ безарар гардонида мешавад.
Тариқи гармидиҳӣ: манбаи гармие, ки як унсури гармидиҳии барқӣ мебошад, ки бо қувваи барқ кор мекунад, ва дар ҳарорати аз 60 то 70 дараҷа гарми маҳсулотҳои чубӣ ва аз чуб тайёршуда коркард карда мешавад.
Бо роҳи химиявӣ яъне истифодаи заҳрхимикати Фостаксин таблеткаҳои Phostoxin, ки дорои 56 - 57% моддаи фаъоли фосфиди алюминий иборат мебошад, ҳангоми бо ҳавои оксиген якҷоя шудан гази заҳрнок пайдо шуда, зараррасонҳоро нобуд месозад.
Ҳангоми безараргардонии молу маҳсулотҳо кормандон бо либосҳои махсус ва ниқобҳои зиддигазӣ муҷаҳҳаз буда, ҳангоми кор бо заҳрхимикат техникаи бехатари риоя карда мешавад, давомнокии безараргардони тибқи тартиб ва қоидаҳои махсус аз 24, 48,72 то 120-соатро вобаста аз ҳарорат дар бар гирифта баъд аз анҷоми безараркуни дарҳо муҳр зада мешавад.
Соҳибкорони ватанӣ, ки ба содирот ва воридоти молу маҳсулотҳо сару кор доранд аз хизматрасониҳои Дастаи ҷумҳуриявии фумигатсионии Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи риояи талаботҳои фитосанитарӣ истифода намуда, барои роҳ надодан ба воридшавӣ ва паҳншавии зараррасонҳо, ки хатари калони иқтисоди меорад истифода намуда, амнияти бехатарии озукавории мамлакатро таъмин намоянд.
Сармутахассиси Дастаи
фумигатсионии ҷумҳуриявӣ
Носирзода Ҷ.С.