(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Яке аз масъалаҳои ташвишовари замони муосир ин таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ аз қабили ифротгароӣ, тундгароӣ ва даҳшатафканӣ маҳсуб меёбад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, монеаи рушди босуботи ҷомеа гардидааст. Терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд, ки ба амният, субот ва рушди ҷомеаҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Ин зуҳурот на танҳо ба як давлат, балки ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд ва мубориза бо онҳо ҳамкории дастаҷамъонаи кишварҳоро талаб менамояд.
Ҷавонони зиёде қурбони ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои ифротгароӣ ва терроризм шуда, ҳаёти худро сӯзонида истодаанд. Омилҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил шуда, вориди ин гурӯҳҳои даҳшатафкан мегарданд. Яке аз ин омилҳо паст будани шуури ҳуқуқии наврасону ҷавонон аст. Яъне наврасону ҷавонон аз оқибатҳои фоҷеабори ин ҳизбу ҳаракатҳо огоҳӣ надошта, ҷиҳатҳои ҳуқуқии онро низ дарк намекунанд ва аз оқибатҳои он низ огоҳӣ надоранд.
Бинобар ин, зарур аст, ки наврасону ҷавонон имрӯз бояд аз оқибатҳои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ воқиф бошанд. Барои ин лозим аст, ки дониши ҳуқуқии шаҳрвандон боло бардошта шуда, шуури ҳуқуқии онҳо ташаккул дода шавад.
Маълум аст, ки ҷараёнҳои ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ аз ҳамаи ҳаракат ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд.
Яке аз омилҳои асосии паҳншавии экстремизм — сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар чунин шароит ҷавонон бештар ба таъсири гурӯҳҳои ифротӣ гирифтор мешаванд. Илова бар ин, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ғояҳои тундрав низ нақши муҳим мебозад.
Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ғояҳои тундрав яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир ба ҳисоб меравад. Бо рушди технология ва дастрасии васеъ ба интернет, гурӯҳҳои ифротӣ имконият пайдо карданд, ки афкори худро ба осонӣ паҳн намоянд ва одамонро, махсусан ҷавононро, ба худ ҷалб кунанд.
Бояд қайд кард, ки мубориза бо радикализми сиёсӣ, ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ яке аз мушкилоти шадид дар ҷомеаи муосир мебошад. Ҷаҳон бо таҳдид ва хатарҳои воқеӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки мубориза бурдан ба ин «вабои аср» хусусияти умумимиллӣ гирифтааст.
Муҳаққиқи рус Любачев А.В қайд мекунад, ки «муносибати таҳдиди терроризм ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон гуногун аст. Он аз вазъи дохилии иҷтимоиву сиёсӣ ҳар як давлати алоҳида ва дараҷаи иштироки он дар равандҳои байналмилалии сиёсӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ вобаста аст». Аммо новобаста аз дараҷаи иштироки ин ё он кишвар дар чунин равандҳо терроризм ба ягон қонун ва дастурҳои ҳукуматӣ вобастагӣ надорад. Терроризм даҳшати бузурги мардумони кураи замин аст.
Дар муқобили ин зуҳуроти глобалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳо ба монанди радикализм, ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ, ки олимон онро «вабои асри XXI» меноманд, истисно нест. Баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 ба ҷанги шаҳрвандӣ мувоҷеҳ шуд. Бояд қайд кард, ки дар он замон дар давраи низоъҳо барои пайдо кардани терроризм ва ифротгароии динӣ замина ба вуҷуд омад.
Хушбахтона соли 1997 баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ҷанг хотима ёфт. Дар Ҷумҳурии Точикистон барои бартараф намудани фаъолияти террористӣ заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризм оғоз ёфт.
Қонуни якумин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» 16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Он барои таҳкими муассири зидди терроризм ва махсусан терроризми байналмилалӣ, дар давраи баъди низоъ дар таърихи Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар моддаи 1-уми қонун чунин мақсадҳо пешбинӣ шудааст:
– татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;
– иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;
– танзими ҳуқуқии муносибатҳои марбут ба мубориза бар зидди терроризм;
– ташаккули муносибати беэътиноӣ нисбат ба терроризм дар байни аҳолии ҷумҳурӣ;
– муайянсозӣ, пешгирӣ ва қатъ кардани фаъолияти террористӣ, ташкили сабаб ва шароитҳои террористӣ.
Барои пешгирии чунин ҳолатҳо, баланд бардоштани мафкураи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон хеле муҳим аст. Истифодабарандагон бояд тавонанд манбаъҳои боэътимодро аз маълумоти бардурӯғ фарқ кунанд. Дар натиҷа, гарчанде шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои зиёди мусбат доранд, истифодаи нодурусти онҳо метавонад ба паҳншавии ғояҳои тундрав мусоидат кунад.
Барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, пеш аз ҳама, бояд сатҳи маърифати аҳолӣ баланд бардошта шавад, махсусан дар байни ҷавонон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ метавонад таъсири гурӯҳҳои ифротиро коҳиш диҳад.
Дар хулоса, метавон гуфт, ки терроризм ва экстремизм хатарҳои ҷиддӣ барои ҷомеа мебошанд, вале бо талошҳои муштарак ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа метавон пеши роҳи онҳоро гирифт.
Рауфзода Эраҷ Абдураҳим
Сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ
дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ