(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Дар кори нишасти мазкур як қатор вазирон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ аз кишварҳои минтақа иштирок намуда, доир ба масъалаҳои калидии соҳа мубодилаи афкор анҷом доданд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонзода Маҳмуд бо маърӯзаи муфассал баромад намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди устувори системаҳои озуқаворӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва усулҳои муосири истеҳсол, коркард ва таъминоти озуқаворӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён ба масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, тақвияти иқтидори институтсионалӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва мутобиқшавии бахши озуқаворӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таҷриба ва пешниҳодҳои амалӣ ироа карданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаро таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои муштарак ва андешидани тадбирҳои ҳамоҳанг дар самти таҳкими системаҳои устувору мутобиқшавандаи озуқаворӣ изҳор намуданд.