(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаи 16 апрели соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи сеюми роҳбарони вазорату идораҳои давлатии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар соҳаи карантини растанӣ баргузор гардид, ки дар кори он дар қатори намояндагони соҳаи карантини Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Беларус, Узбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд намояндагӣ (иштироки маҷозӣ) карданд.
Дар рафти ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои марбут ба сиёсати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти фитосанитариро дар доираи СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибҳо ба масъалаҳои тақвияти ҳамкории фитосанитарӣ ҳамчун омили муҳими рушди тиҷорати мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ, такмили низоми назорат ва мониторинги ҳашароти зараррасони танзимшаванда, таъмини талаботи карантини растаниҳо дар тиҷорати байналмилалӣ ва рушди низоми мубодилаи электронии сертификатҳои фитосанитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, зарурати тақвияти мубодилаи иттилоот дар доираи созишномаҳои амалкунанда таъкид гардида, истифодаи вебсайти расмии СҲШ ҳамчун платформаи ягона барои нашр ва навсозии маълумот дар бораи вазъи карантини растаниҳо дар кишварҳои узв муҳим арзёбӣ шуд.
Иштирокчиён инчунин аҳамияти такмили механизмҳои огоҳкунии барвақтӣ оид ба хатарҳои фитосанитарӣ, густариши ҳамкории амалӣ байни мақомоти миллии карантини растаниҳо ва роҳандозии мубодилаи мунтазами иттилоотро таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич, амиқсозии ҳамоҳангсозии фаъолият ва татбиқи тадбирҳои муштарак бо мақсади таъмини амнияти фитосанитарӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳои аъзои СҲШ изҳор доштанд.