(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Имрӯз бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Пойтахт" - и Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Ҳабибзода Зоҳир Иззат - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Рауфзода Эраҷ Абдураҳим - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Пойтахт" баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино - Ҳабибзода Зоҳир Иззат зимни баромади худ шаҳри Душанберо симои давлату миллати тоҷик арзёбӣ намуда, мавсуф таъкид намуд, ки пойтахти кишвари мо дар марҳилаи рушди бесобиқа қарор дошта, ин пешравӣ натиҷаи бевоситаи ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб меёбад.
Дар идома зикр гардид, ки корҳои ободонӣ дар шаҳр тайи солҳои охир вусъати тоза пайдо карда, пойтахти мо ба як шаҳри муосиру шукуфон табдил ёфтааст.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ бо қадрдонии як қатор аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Пойтахт" ҷамъбаст гардида, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар доираи "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" бо эҳсоси баланди масъулият ва қарзи шаҳрвандию фарзандӣ назди Ватан баҳри вусъати равандҳои созандагиву бунёдкорӣ дар пойтахт ва тақвияти маърифати шаҳрнишинии сокинон саҳмгузор гардем.