(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаи 7 апрели соли равон дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ва директори Идораи бахши кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳоти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Ҷянфэн Чжан вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот муҳтарам Раис ҷаноби Ҷянфэн Чжанро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд ва таъкид карданд, ки ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар солҳои охир тамоюли рушд дошта, ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ, мусоидат менамоянд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо ба масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолоти кишоварзӣ, рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи аграрӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло дар суханронии худ аз дастгирии пайваста ва саҳми назарраси Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки ин ҳамкориҳо барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ мебозанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда, ҷалби сармоягузориҳои нав, татбиқи барномаҳои муштарак ва таҳияи лоиҳаҳои навро, ки ба рушди бахши аграрӣ, баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва таъмини рушди устувори деҳот равона шудаанд, мавриди табодули афкор қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло барои ҳамкории самарабахш ва дастгирии доимии Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои муҳим изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.