(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаи 31 марти соли 2026 роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии ИДМ, ки дар шаҳри Москва (ба таври маҷозӣ) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид вобаста ба фаъолияти Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи байторӣ барои солҳои 2023–2025, ки дар рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ шуда буд, маърӯза намуд.
Зимни суханронӣ ба аҳмияти муҳим доштани ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи байторӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот ва таҳкими назорати байторию санитарӣ равона гардидааст, диқати ҷиддӣ зоҳир гардида, ҳамзамон вобаста ба анҷом додани як қатор корҳои назарраси дар доираи фаъолияти Шуро дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ҳайвонот, тақвияти иқтидори озмоишгоҳҳо, мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии талаботи байторӣ роҳандозӣ гардида, изҳорӣ қаноатмандӣ карда шуд.
Дар анҷом Раиси Кумита омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар доираи ИДМ, махсусан дар соҳаи байторӣ иброз намуда, аҳамияти таҳкими робитаҳои соҳавиро муҳим арзёбӣ кард.