(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаҳои 16–19 марти соли 2026 дар шаҳри Манила, Ҷумҳурии Филиппин Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба низомҳои агрозуқаворӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Ҳадафи асосии форум баррасии масъалаҳои мубрами рушди низомҳои агрозуқаворӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи кишоварзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт буд. Дар доираи чорабинӣ наздик ба 500 нафар роҳбарону намояндагони кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ таҷриба ва пешниҳодҳои худро оид ба рушди устувори бахши кишоварзӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба озуқавории босифат пешниҳод намуданд.Дар ҷараёни сафари корӣ мулоқоти Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Идораи бахши кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳот дар Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Ҷянфэн Чжан баргузор гардид.Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ, обу иқлим ва рушди деҳот мавриди баррасӣ қарор доданд.Муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло дар суханронии худ аз дастгирии пайвастаи Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки ҳамкориҳои судманд дар самтҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани инфрасохтори озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи самараноки обу иқлим барои рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ доранд.Ҳамчунин, ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои минбаъда, ҷалби сармоягузориҳои нав ва амалисозии барномаҳои муштарак, ки ба рушди бахши аграрӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ дар кишвар равона шудаанд, табодули назар карданд.Дар анҷоми мулоқот муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло барои ҳамкории самарабахш ва дастгирии доимӣ дар татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва обу иқлим изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.
Маркази матбуоти КБО