(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
13 марти соли равон кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он ҷиҳати амалӣ намудани Нақша-чорабиниҳо вобаста ба таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” зери шиори “Баланд бардоштани маърифатнокии истеъмолкунанда” дар бозорҳои истеъмолии кишвар, аз ҷумла дар бозори “Меҳргон” ва “Саховат” -и шаҳри Душанбе, марказҳои савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар бо соҳибкорону харидорон вохӯриҳо гузаронида, оид ба пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифати ба саломатии инсон хатарнок, роҳҳои гузариш ва пешгирии бемориҳои сироятии ба одаму ҳайвон хос маърӯза карданд. Ҳамзамон, ба фурӯшандагону харидорон ва иштирокдорон зиёда аз 4000 буклетҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.