(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаи 23 феврали соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ Раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло оғоз намуда, ҳамаи иштирокдоронро бо ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуд.Раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло қайд намуд, ки Артиши миллӣ бо ташаббуси созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33-сол муқаддам таъсис дода шуд, ки таи солҳои истиқлолият ба як нерӯи пурқувват табдил ёфта, аз лиҳози техникию моддӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.Баъдан муовини Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии Кумита Маҳмадшоева Зарафшон оид ба дастовардҳои Артиши миллӣ баромад намуда, саҳми босазои Пешвои миллатро дар роҳи ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ кард. Инчунин қайд намуд, ки 18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расонид ва Артиши миллӣ таъсис дода шуд. 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.Дар фарҷом Раиси Кумита иброз доштанд, ки имр ӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техникии имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.