(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
21 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардида, дар ҷаласа сардори Раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, Ҷобиров Раҷабалӣ Фатҳуллоевич иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ҷаласара ифтитоҳ ва ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз доштанд, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муҳимми соҳибдавлатӣ, инъикосгари таъриху фарҳанг ва ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватандӯсти мамлакат мебошад. Инчунин, қайд намуданд, ки Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 11 ноябри соли 2009, ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» инҷониб ҷашн гирифта мешавад. Сипас, Ҷобиров Р.Ф., дар бораи таърихи пайдоиш ва андешаву афкори донишмандони хориҷӣ роҷеъ парчаму парчамдории миллати соҳибтамаддуни тоҷикон, арзишҳои ҳуқуқӣ ва масири тайнамудаи мардуми тоҷик дар ин ҷода ибрози андеша намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ раиси Кумита Файзуллозода М.У. бори дигар ҳамаи ҳозирин ва тамоми мардуми тоҷикро ба Рӯзи Парчами миллӣ табрику шодбош гуфта, таманнои парафшонии ҳамешагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намуданд.